Омӯзгорони ДДБ соҳиби хона хоҳанд шуд

№22 (4422) 17.02.2022

Давлатзода С ректори ДДБМасъулини Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тасмим гирифтаанд, ки барои омӯзгорон ду бинои нуҳош­ёна бунёд кунанд. Дар натиҷа, 200 омӯзгор соҳиби хонаи истиқоматӣ хоҳанд шуд.

Дар ин бора ректори донишгоҳ Давлатзода Сайфиддин 4 феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ректор гуфт, ки аллакай қитъаи замин дар масоҳати 0,39 гектар барои бунёди иншоот ҷудо гардида, корҳои лоиҳакашию ҳуҷҷатгузорӣ рафта истодаанд.

Соли 2021 барои донишгоҳ соли пешрафту муваффақиятҳо буд. Чунки нахустин «Донишнома»-и донишгоҳ бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расид, ки ҳаёту ­фаъолияти 800 омӯзгорро фаро гирифтааст.

Донишгоҳ раванди таълимро аз рӯи 70 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба роҳ мондааст. Соли гузашта 24 устоди донишгоҳ рисолаи номзадӣ ва ду нафар рисолаи докторӣ ҳимоя карданд, ки нисбат ба соли 2020-ум шаш ҳолат зиёд мебошад.

Агар соли 2020 аз шумораи умумии хатмкунандагон 11 нафар соҳиби дипломи аъло гардида бошад, ин теъдод соли 2021 ба 23 нафар расидааст.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

 «Садои мардум»