Аз нишастҳои матбуотӣ

Омӯзгорони ДТТ соҳиби 5 патент шуданд

№97 (4837) 09.08.2024

26-07-2024-ТЕХНОЛОГИ (2)- Дар донишгоҳ аттестатсияи хатми тахассусӣ аз рӯйи 37 ихтисоси шуъбаи рӯзона, 13 ихтисоси таҳсилоти фосилавӣ – ғоибона ва 7 ихтисоси шуъбаи магистратура гузаронида шуд, — қайд намуд ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ 26-уми июли соли равон.

Донишгоҳ тӯли фаъолият зиёда аз 17662 мутахассисро барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар тайёр намуд. Аз ин теъдод зиёда аз 675 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кардаанд

Зикр шуд, ки дар донишгоҳ 63 донишҷуи хориҷӣ — 7 нафар аз Афғонистон ва 56 нафар аз Ӯзбекистон таҳсил менамоянд.

Аз он қаноатмандӣ шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон омӯзгорон ба гирифтани 5 патент оид ба ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 натиҷаи мусбат оид ба гирифтани патент ноил гардиданд.

Илова бар ин, донишгоҳ дар амалӣ гардидани лоиҳаҳои «Барномаи ЭРАСМУС + Иттиҳоди Аврупо», «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ»-и Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ), ташкилоти кореягии WTIT «Интиқоли технологияҳои коммуникатсионии глобалӣ» ва Маркази байналмилалии тиҷоратӣ (ITC) фаъолона иштирок намуда истодааст.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»