Ин саволи асосие буд, ки дар нишасти матбуотӣ ба ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ дода шуд. Ректор изҳор дошт, ки омили асосӣ пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҷаҳҳаз будан бо технологияи муосири таълим, савияи баланди дониши устодон, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ аст.
- Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар муассиса аз рӯи 29 ихтисоси самти саноати кӯҳиву геология, металлургияву энергетика ва иқтисодиёти саноат таҳсил ба роҳ монда шуда, теъдоди донишҷӯён 2800 нафарро ташкил медиҳад. Аз 237 омӯзгори муассиса, 156 нафарашон соҳиби унвони илмианд, – иброз намуд ректор.
Донишҷӯён таҷрибаомӯзии худро дар корхонаҳои саноати кӯҳӣ, ба монанди ҶМТКММ «Апрелевка», ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Чин», ҶСК «Ангишт», ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж», «Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум» КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ҶММТАКМ «Анзоб» ва ғайра мегузаронанд.
Саволи дигаре, ки ба ректор дода шуд, таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кор буд. Маълум гардид, ки 73 хатмкардаи гурӯҳи буҷетӣ дар корхонаву муассисаҳои соҳавӣ соҳиби роҳхат шудаанд. Боқимонда дар НБО «Роғун» ва дигар корхонаҳои саноатии кӯҳӣ ва истеҳсолоти ватанӣ бо кор таъмин гардиданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»