Аз нишастҳои матбуотӣ

Онҳое, ки қонуни танзимро вайрон карданд, 3,9 миллион сомонӣ ҷарима шуданд

№20 (4440) 12.02.2022

DSC_0865Алҳол дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 328 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, Маркази исломӣ, се ҷамоатхона, дар маҷмӯъ, 4058 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус 8 феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ маълумот дода шуд.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода гуфт, ки соли сипаришуда кумита дар асоси 476 дархост муҳтавои 6404 номгӯй адабиёти динӣ, 35 дафтар, 9678 варақа, 1044 фита, 38 телефони мобилӣ, ду ноутбук ва ҳашт флешкорти дорои 13710 сабти видеоӣ ва аудиоиро мавриди таҳлилу ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дод. Аз ин теъдод ба 311 дархост хулосаи манфӣ ва ба 165 дархост хулосаи мусбат дода шуд.

Соли гузашта Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифаро 162 кас хатм намуданд, ки аз онҳо 43 нафарашон бонувон буданд. Ҳоло дар ин донишкада 759 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 647 нафарашон дар шуъбаи рӯзона ва 112 кас дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.

Сулаймон Давлатзода баъзе аз имом — хатибонро мавриди танқид қарор дода, гуфт, ки наметавонанд вобаста ба коста шудани одобу ахлоқ ва ё оилавайроншавӣ ба саволҳо посух диҳанд. Зеро дар бисёр ҳолат барои такмили донишашон кор намекунанд.

Соли сипаришуда кумита, тибқи талаботи моддаҳои 6 ва 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», мувофиқакунонии 104 сархатибу имомхатибро анҷом дод.

Мувофиқи маълумоти комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳо, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 123353 ҷашну маросим баргузор гардидааст, ки дар муқоиса бо соли 2020-ум 28048 адад зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2021 дар мамлакат вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 681 парвандаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 72 адад зиёд аст. Иттилоъ гирифтем, ки маблағи ҷаримаҳо 3 миллиону 96 ҳазору 502 сомониро ташкил медиҳад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

 «Садои мардум»