Аз нишастҳои матбуотӣ

Қонунгузории заминро 12 ҳазору 717 маротиба вайрон карданд

№29 (4612) 24.02.2023

КУМ ЗАМИНТо 1-уми январи соли 2023 майдони умумии заминҳо дар ҷумҳурӣ 14 млн. 137 ҳазору 907 гектарро ташкил медиҳад. Ин ­маълумотро 15-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода баён кард.

Ҳамчунин, илова намуд, ки соли 2022 корҳои назоратӣ дар миқёси кишвар идома ёфта, аз ҷониби кумита ва мақомоти он дар маҳал 12 ҳазору 717 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартараф кардани онҳо 11 ҳазору 140 дастур дода шуд. Дар баробари ин, нисбат ба 11 ҳазору 20 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 5 млн. 643 ҳазору 760 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардид, ки аз ин 4 млн. 664 ҳазору 830 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумита ворид шуд.

Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 868 мавод ба прокуратура, 1000 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол ва 9791 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф гардид.

- Дар давраи зикршуда, ҳамчунин, делимитатсия, демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад идома ёфта, ҳафт вохӯрӣ бо намояндагони Ҷумҳурии Қирғизис­тон, 9 вохӯрии ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 9 вохӯрии гурӯҳҳои кории саҳроии демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва як вохӯрии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба сарҳади давлатӣ баргузор гардид, — гуфт раиси кумита.

Тибқи низомнома оид ба ташкили кор ва тартиби гуфтушунид оид ба делимитатсияи давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муҳтавои протоколҳо ва асноди иҷрои корҳо махфӣ буда, танҳо пас аз мувофиқаи ҳар ду ҷониб расонаӣ карда мешавад.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

«Садои мардум»