Якуми феврали соли ҷорӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти солонаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Раиси кумита Ориф Хоҷазода иттилоъ дод, ки соли 2018-ум 4056 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шудааст, ки 2264 гектараш обӣ мебошад.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки 2331 гектар замини корам ва 4 гектар боғи лалмӣ ба заминҳои корам ва боғи обӣ гузаронида шудаанд. Аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки соли сипаришуда 9615 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Сабаби инро масъулин ба шӯршавӣ, ботлоқшавӣ, аз кор баромадани шабакаи каналу иншоот, нагузаронидани корҳои мелиоративӣ, набудани об ва корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ алоқаманд донистанд.
Ориф Хоҷазода доир ба вайронкунии қонунгузории замин маълумот дода, аз ҷумла гуфт, ки соли сипаришуда 14858 ҳолат ошкор ва барои бартараф кардани он 14858 дастур дода шуд. Нисбат ба 12787 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд ва гунаҳкорон ба маблағи 5 183 950 сомонӣ ҷарима гардиданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»