Миёни раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ва журналистон зимни нишасти матбуотӣ, ки 20 июли соли равон доир шуд, муколамаи самимиву ошкоро сурат гирифт. Зикр шуд, ки фаъолияти ниҳод дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ гардида, заминсозию кадастри замин, назорати давлатии замин, корҳои топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад беш аз пеш тавсеа ёфт.
Зимни посух ба саволи корманди рӯзнома оид ба вайронкунии қонунгузории замин зикр шуд, ки дар асоси амри прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ худсарона ғасб гардидани 36 гектар замин ошкор шуд.
Раиси кумита аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, афзуд, ки аз соли 2009 инҷониб бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон зиёда аз 30 ҳазор гектар замин ҷудо гардид.
Дар дар шаш моҳи аввали соли равон 7001 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоршуда 6364 дастур дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 323 ҳолат зиёд мебошад.
Нисбат ба 6 ҳазору 148 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 3 миллиону 65 ҳазору 644 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуданд, ки аз ин 2 миллиону 330 ҳазору 799 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардид.
Ин равандро муфассал шарҳу тавзеҳ дода, номбурда афзуд, ки баҳри иҷрои стратегияи муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, дар ҳар маҷлиси назоратии назди роҳбарият масъалаи зикршуда баррасӣ ва корҳои назоративу фаҳмондадиҳӣ вусъат бахшида мешавад.
Ҳамчуни,н зикр шуд, ки то 1 июли соли равон шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 193 950 ададро ташкил дод. Аз ин шумора 71028 адад дар вилояти Суғд, 71325 адад дар вилояти Хатлон, 16495 адад дар ВМБК ва 35102 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Шумораи хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ташкил гардидаанд, ҳамагӣ 2689 ададро ташкил медиҳанд.
Доир ба нақшаҳо сухан ронда, Ориф Хоҷазода мужда дод, ки бахшида ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон 24 бинои нави маъмурӣ эъмор мегардад.
Далер Абдулло,
«Садои мардум»