Аз нишастҳои матбуотӣ

Ошкор намудани 2092 ҷинояти коррупсионӣ

№24 (4286) 23.02.2021

Коорупсия- Мутахассисони самти назорати давлатии молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 811 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи 348,8 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд, ки тавассути чораҳои андешида 295,9 млн. сомонӣ ё 84,9 фоизи он барқарор карда шуд, — изҳор дошт 16 феврал зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода.

Бино ба гуфти ӯ, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 2092 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро нисбат ба 1271 нафар ошкор карданд.

- Таҳлили вазъ нишон медиҳад, ки шумораи бештари ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ — 177, соҳаҳои маориф ва илм — 136, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 104, кишоварзӣ — 101, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ — 66, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ — 99, бонкҳои давлатию тиҷоратӣ — 163, дигар идораю корхонаҳои давлатӣ — 411, субъектҳои хоҷагидории ғайридавлатӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандон 835 ҷиноят содир гардидааст.

Вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» 330 санҷиш гузаронида, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида чораандешӣ шудааст, — зикр кард С. Султонзода.

Инчунин, 60 ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, ошкор гардида, қонуншиканиҳои зиркшуда дар асоси санадҳои эътиноии агентӣ бартараф карда шуданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»