Аз нишастҳои матбуотӣ

Ошкор шудани 265,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ

№25 (4765) 23.02.2024

DSC_928216-уми феврал дар нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода иброз дошт, ки соли 2023 дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 248 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронда, 265,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд.

Аз ин 261,4 млн. сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд, ки 186,6 млн. сомонии он бевосита ба суратҳисоби буҷетӣ ва 74,8 млн. сомонии онро пардохти пул, молу мулк ва ҳисоббаробаркуниҳо ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки воҳид­ҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 2212 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро бо иштироки 1192 нафар ошкор намуданд, ки 911 адади онҳо ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. Кормандони агентӣ оид ба 989 парвандаи ҷиноятӣ корбарӣ намуда, тафтиши пешакии 732 адади онро нисбат ба 895 нафар ба анҷом расондаанд.

Ҳамин тариқ, агентӣ соли гузашта ба буҷети давлат 345,4 млн. сомониро барқарор намуд.

- Соли сипаришуда баррасии саривақтии 3414 муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ таъмин гардида, 1053 адади он қонеъ ва нисбат ба 2132 муроҷиат қарорҳои дахлдори қонунӣ қабул карда шуданд. 170 муроҷиат бо сабаби номуайяну беном буданашон мавриди баррасӣ қарор дода нашуда, 59 адад муроҷиат алҳол дар баррасӣ қарор дорад, — изҳор намуд директори агентӣ С. Султонзода.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»