Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод зимни нишасти матбуотӣ (3 августи соли 2017) зикр кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура бо мақсади муайян намудани вазъи иҷро ва риояи қонунҳо 3160 санҷиш гузаронида, 31398 қонунвайронкунӣ ошкор ва баҳри бартараф намудани онҳо чораҳо андешида шуданд.
Дар натиҷа бо дахолати прокуророн 326 миллион сомонӣ зарар барқарор гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар раванди назорат ба иҷрои қонунгузорӣ дар бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ 51 миллион сомонӣ ва 6,5 миллион доллари ИМА қарзҳои бонкӣ барқарор карда шуданд. Мақомоти прокуратура вобаста ба ҳолатҳои тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ва амволи боваркардашуда 174 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд.
- Қонуншиканиҳо вобаста ба риояи қонунгузории замин қисмати муҳими фаъолияти мақомоти прокуратура аст. Дар нимсолаи аввал дар ин самт 1422 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ, 2257 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 540 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 3772 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст. Беш аз 100 парвандаи ҷиноятии вобаста ба замин ба ноҳияи Рӯдакӣ рост меояд, — гуфт Раҳмон Юсуф Аҳмадзод.
Назар ба қавли ӯ, дар давраи ҳисоботӣ мансубини прокуратура 599 ҷинояти пинҳонмондаро ошкор намудаанд. Прокурори генералӣ сабаби асосии пинҳон мондани баъзе ҷиноятҳоро дар баҳои дурусти ҳуқуқӣ надодан ба аъмоли бавуҷудомада донист. Зикр шуд, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ бақайдгирифта (12638) 4077 адади онро мақомоти прокуратура ошкор намудаанд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»