Аз нишастҳои матбуотӣ

Ошкоршавии 149,8 млн. сомонӣ зарари молиявӣ

№92 (4198) 31.07.2020

КООРУПСИЯ (1)- Мутахассисони самти назорати давлатии молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 403 тафтишу санҷиши молиявӣ гузарониданд. Дар натиҷа, ба маблағи умумии 149,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва тавассути чораҳои андешида 44 миллион сомонӣ ё 29,4 фоизи он барқарор гардид. Аз маблағҳои рӯёнидашуда 34,6 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ, 9,4 млн. сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ (28 июли соли равон) директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода.

Бино ба гуфти ӯ, аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 147 ҷиноят ба азхудкунӣ ва исрофкорӣ, 147 ҷинояти марбут ба тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда ва ғайриқонунӣ додану гирифтани қарз, 372 қаллобӣ, 8 қочоқ, 8 ҷинояти саркашӣ аз супоридану пардохти андоз­ҳо, 42 ҷиноят вобаста ба гирифтану додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ, 64 ҷинояти суиистифода ва баромадан аз ваколатҳои мансабӣ, 129 ҷинояти марбут ба сохтакории хизматӣ, 68 ҷинояти ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва 233 ҷиноятҳои дигар шомиланд.

Сулаймон Султонзода зикр намуд, ки Агентӣ дар нимсолаи аввали сол 53,6 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид намудааст, ки аз он ба суратҳисобҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 36,6 млн. сомонӣ, буҷетҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 10,5 млн. сомонӣ, фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1,6 млн. сомонӣ ва суратҳисоби муваққатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти қарзҳои мушкилситон 4,9 млн. сомонӣ рост меояд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»