Аз нишастҳои матбуотӣ

Ошкоршавии 36 ҳолати таълимоти ғайрирасмии динӣ

№29 (4612) 24.02.2023

МВД- Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 481 ҷиноят аз ҷониби субъект­ҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 14 ҳазору 612 ҷиноят ошкор шудаст, — зикр кард вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни нишасти матбуотӣ 15-уми феврали соли 2023.

Номбурда афзуд, ки дар давраи зикршуда одамкушӣ ва сӯиқасд ба он 58, роҳзанӣ — 37, ғоратгарӣ — 130, таҷовуз ба номус — 23, савдои одамон — 24, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 131, авбошӣ — 1103, қаллобӣ — 1856, дуздӣ — 4868, ҷиноятҳои иқтисодӣ 250 ҳолат ба қайд гирифта шудаанд.

Дар натиҷаи пурзӯр кардани ҳамкорӣ бо аҳолӣ соли 2022 дар ҷумҳурӣ 500 силоҳи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид. Ҳангоми амалӣ кардани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ 1 тоннаю 412 кило воситаҳои нашъадор мусодира шуд. Дар мамлакат 36 ҳолати таълимоти ғайрирасмии динӣ ошкор шуда, 8 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ мегирифтанд, ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин давра нисбат ба падару модароне, ки уҳдадориҳояшонро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва масъулини муассисаҳои таълимӣ бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ҳазору 348 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба суди шаҳру ноҳияҳои кишвар ирсол шуд.

Оид ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 450 ҳолат, аз ҷумла зодрӯз, хатнасур, тӯйи домодиву арӯсӣ, маросими ҳоҷибинон ва дафну азодорӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, 128 парвандаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин давра бар асари 1096 садамаи нақлиёт 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

 «Садои мардум»