Аз нишастҳои матбуотӣ

Қосим Роҳбар: «Мақоми шаҳрак ва деҳот бояд баланд бардошта шавад»

№93 (4355) 15.07.2021

DSC_5294- Мақсад фароҳам овардани шароит барои рушди маҳал, таҳкими низоми идоракунии маҳаллӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ, маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 13 июли соли равон раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар.

Дар нимсолаи аввали соли равон кормандони кумита дар барпо намудани озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», ки даври ҷамъбастии он дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, саҳм гузоштанд. Инчунин, бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷиҳати баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот дар сох­тори давлатдории муосир» дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон» доир шуд.

Инчунин, байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ҳукумати Кемерово — Кузбасс, вилояти Ханти — Мансийск, вилояти Ивановои Федератсияи Россия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Пешниҳоди Тоҷикистон дар робита ба бародаршаҳрӣ бо шаҳри Кунмини Ҷумҳурии Халқии Хитой баррасӣ гардида, вобаста ба он таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур шуд.

- Вобаста ба муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе аз ҷониби кормандони кумита дар маҳаллаи ба номи Аҳрор Мухтори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, — гуфт Қосим Роҳбар.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

 «Садои мардум»