Аз нишастҳои матбуотӣ

Озмуни «Ҷоми раёсати ДБССТ» то соли 2040 пайваста доир мегардад

№ 22.07.2022

ДсохибкориАз суханронии ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ  ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Асрорзода Убайдулло Саттор зимни нишасти матбуотӣ, ки 21 июли соли 2022 баргузор шуд, маълум гардид, ки раёсати Донишгоҳ бо мақсади дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳи азхудкунӣ ва сифати  таҳсилот ба як қатор дастовардҳо ноил шудааст. Аз ҷумла вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ ва талаботи бозори меҳнат дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – «Саноатикунонии  босуръати мамлакат» дар донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои нав, аз қабили ихтисосҳои соҳаи омӯзгорӣ, соҳаи саноат, иқтисодиёти рақамӣ, зеҳнӣ сунъӣ, технологияи зеҳнии компютерӣ, бизнес-равандҳо, маркетинг дар тиҷорати электронӣ, кибернетикаи иқтисодӣ, хадамоти консулӣ, полиси сайёҳӣ, тибби сайёҳӣ, сайёҳии осоишгоҳӣ-табобатӣ иҷозатнома гирифта, ҷамъи ихтисосҳо дар донишгоҳ аз 56 ба 77 номгӯй расонида шуд.

- Мо дар ноҳияи Варзоб маркази таълимӣ-таҷрибавии «Сайёҳ» ташкил намудем. Тӯли ин давра дар он ҷо 13 машғулияти амалии сайёри донишҷӯёни равияи сайёҳиро доир кардем, ки натиҷаи хуб дод, — гуфт ректори донишгоҳ. — Мо ҳамчунин ба зиёд кардани шумораи ихтисосҳои амалкунандаи филиалҳои донишгоҳ дар вилоятҳои Хатлону Суғд кӯшиш кардем. Ҳадафи асосии ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав дар филиалҳо  ба инобат гирифтани талаботи бозори меҳнати минтақаҳои мамлакат ва бунёди шароит ҷиҳати фаро гирифтани довталабон ба таҳсил дар макони истиқомат мебошад.

Бо мақсади амалисозии нақшаи чорабиниҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дуюмин Озмуни  ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДБССТ» баргузор намудем, ки дар он аз 35 муассисаи таълимӣ 186 донишҷӯ иштирок намуд. Дар ҷамъбасти он 6 нафар соҳиби ҷойи якум, 12 нафар соҳиби ҷойи дуюм, 34 нафар соҳиби ҷойи сеюм ва 28 нафар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

 - Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ озмуни мазкур пайваста то соли 2040 доир карда мешавад, — изҳор дошт ректори ДБССТ Асрорзода Убайдулло Саттор.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»