- Кумита бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 ҷиҳати баланд бардоштани неру, малакаҳои тахассусии кормандон ва занону бонувони дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолиятдошта мунтазам хонишҳои идоравӣ, семинару тренингҳо, курсҳои омӯзиширо баргузор менамояд-, гуфт раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 9-уми августи соли равон доир гардид.
Гуфта шуд, ки 50 нафар донишҷӯдухтарони фаъолу аълохон ва лаёқатманди донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ба курси 6 — моҳаи «Мактаби сарварони ҷавон» ҷалб гардида, 45 нафари онҳо соҳиби Гувоҳнома гардиданд.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати ба занон-хизматчиёни давлатӣ омӯзонидани на кам аз 2 забони хориҷӣ, маҳорати суханварӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коргузорӣ дар идораи давлатӣ ва ба ин васила омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда барои 20 нафар зану бонуи вазорату идораҳо 25 нафар занон — хизматчиёни давлатӣ курсҳои семоҳаи омӯзишии ройгон доир гардид.
Ҳамчунин, бо ҷалби 20 нафар зану духтарони дар захираи кадрибудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ аз рӯи барномаи «Мактаби сарварӣ» курси омӯзишӣ гузаронида шуд..
Бо иқдоми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ҷиҳати ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ барои фаъолияти самаранок дар шароити комилан нави муносибатҳои ҷамъиятӣ ва имкониятҳои техникию технологӣ гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба нақша гирифта шуда, даври вилоятии озмун бо иштироки 19 нафар довталабон аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, ки 6 нафар ғолибон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»