Аз нишастҳои матбуотӣ

Пахши мустақими ҳимояи рисолаҳо роҳандозӣ мегардад

№101 (4841) 19.08.2024

9Дар нишасти матбуотии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси он Сайфиддин Давлатзода иттилоъ дод, ки вобаста ба саволу пешниҳодоти дар нишасти қаблӣ аз ҷониби журналистон баёнгардида бетаъхир тадбирандешӣ мешавад.

Номбурда аз амалӣ гардидани пешниҳоди корманди рӯзнома дар бобати пахши мустақими ҳимояи рисолаҳо, ки меҳвари он таъмини шаффофият буда, барои ба маъраз гузоштани донишу малакаи довталаби дараҷаи илмӣ ва моҳияти рисолаи ба ҳимоя гузошташуда хеле муҳим аст, ёдовар шуд.

- Иқдоми мазкур аллакай дар чанд шурои диссертатсионӣ истифода гардида, давраи озмоиширо бомуваффақият гузаштааст. Вобаста ба ин, аз роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар даъват шудааст барои баргузории маҷозии ҷаласаи шурои диссертатсионии назди муассиса чораҷӯӣ намуда, иттилоияи пайвастшавӣ ба ҳимояи диссертатсияҳои тариқи маҷозиро на дертар аз як рӯз пеш аз ҳимоя ба суроғаи электронии дахлдор ирсол намоянд, — афзуд Сайфиддин Давлатзода.

Ин навбат корманди рӯзнома дар бобати ноқис будани мазмуну муҳтавои баъзе диссертатсияҳо ва созгор набудани онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ҳалли мушкилоти ҷомеа бо назардошти манфиатҳои миллӣ савол дод.

Сайфиддин Давлатзода ҳамфикр буданашро оид ба ин масъала баён карда, иттилоъ дод, ки барои рафъи ин ҳолатҳо якҷо бо сохторҳои марбута амалисозии як силсила корҳо дар назар аст. Таъкид намуд, ки бо назар­дошти ҳаводиси ҷаҳони муосир барои таҳқиқоти илмӣ, пеш аз ҳама, бояд мавзуъҳои мубрам, созгор ба ҳадафҳои стратегӣ, ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисоди миллӣ ва ифодакунандаи манфиатҳои давлатӣ интихоб шаванд.

Маълум гардид, ки аз ибтидои фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ аз муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 255 дархост ворид гардидааст, ки аз онҳо 133 дархост қонеъ, 115 дархост бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда рад шудаанд ва 7 дархости дигар дар баррасӣ қарор дорад. Ба комиссия барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ 2708 парвандаи аттес­татсионӣ ва диссертатсия ворид гардида, 2204 адади он тасдиқ шудааст. Дар маҷмӯъ, 267 қарори шуроҳои диссертатсионӣ доир ба додани дараҷаи илмӣ бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи муқарраршуда бекор гардидааст, ки 144-тоашро диссертатсияҳои ба забони тоҷикӣ ва 123-тоашро диссертатсияҳои ба забони русӣ ҳимояшуда ташкил медиҳад.

Аз оғози фаъолият ба 65 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Россия, Афғонистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Чин, ки дар самти илм­ҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ, табиӣ-математикӣ ва техникӣ рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд, дараҷаи илмӣ дода шудааст.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»