Аз нишастҳои матбуотӣ

Палатаи савдо ва саноат: 49 аъзо зиёд гардид

№24 (4764) 21.02.2024

DSC_8694Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон соли 2023 дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар, сафоратҳои ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷ ва шарикони рушд дар ташкил ва таъмини иштироки аъзои худ, соҳибкорон ва ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 28 намоишгоҳи байналмилалии дар 14 кишвар баргузоргардида мусоидат намуд.

Ин нуктаро раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷамшед Ҷумъахонзода нуҳуми феврал зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра палата дар ташкил намудани 67 бизнес-форум ва бизнес — миссияҳои доираи соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, 118 конференсия, семинару вебинар, тренинг ва суҳбатҳои гирди миз мусоидат кардааст.

- Соли сипаришуда ба аъзогии палата корхонаю ташкилотҳои нав ҷалб гардида, шумораи умумии онҳо ба 959 расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 аъзо зиёд мебошад, — изҳор дошт номбурда.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»