Аз нишастҳои матбуотӣ

Панҷ лоиҳаи нави «Сафина»

№96 (4679) 28.07.2023

САФИНА (3)- Дар нимсолаи аввали соли равон теъдоди барномаҳои доимии Телевизиони «Сафина» ба 54 адад расид, ки 5 — тои онҳо лоиҳаҳои нав мебошанд. Дар ин муддат 1332 барнома таҳия ва пахш шуд. Аз 3174 соати эфир 1010 соаташро барномаҳои асл ташкил доданд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони «Сафина» Карим Азизов, 26-уми июли соли 2023.

Мавзӯи дигаре, ки дар давраи ҳисоботӣ мавриди таваҷҷуҳи кормандони телевизион қарор ­дошт, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикис­тон — Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» буданд. Вобаста ба он беш аз 50 гузориш аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ омода ва дар барномаҳои иттилоотии шабака пахш карда шудаанд.

Масъулин иттилоъ доданд, ки барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони муассиса аз оғози сол бо ҷалби мутахассисони варзида машғулиятҳои омӯзишӣ ташкил гардида, барои кормандони техникии 8 намояндагии шабака курси кӯтоҳмуддати такмили маҳорат ба роҳ монда шуд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар ояндаи наздик ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат барои васлгарони барномаҳо ва кормандони техникӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»