- Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», соли 2021 ба дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 872 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд ворид шуданд, ки назар ба соли 2020-ум 82 муроҷиат кам мебошад. Дар ин бора сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода чоруми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Номбурда афзуд, ки 396 шаҳрвандро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ ҷиҳати ситонидани маблағи алимент, маскун намудан ва ситонидани маблағҳои қарзӣ қабул намуда, чораҳои дахлдор андешиданд.
Бино ба гуфти ӯ, соли 2021 дар истеҳсолоти иҷрочиёни хадамот 48809 санади судӣ ва санадҳои дигари мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки назар ба соли 2020-ум 967 ҳуҷҷат зиёд мебошад. Дар ин давра таври маҷбурӣ 37 303 ҳуҷҷат ба маблағи 195 миллиону 600 ҳазор сомонӣ таъмин гардида, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 миллиону 749 ҳазор сомонӣ барзиёд рӯёнида шуд.
Иҷрочиёни мақомоти иҷро ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ 143 миллиону 719 ҳазор сомонӣ ва ба манфиати шахсони воқеӣ 14 миллиону 481 ҳазор сомониро рӯёниданд, ки нисбат ба соли пешин зиёда аз 8 миллиону 118 ҳазор сомонӣ аст.
- Таҳлилҳо дар самти ситонидани маблағи алимент собит намуд, ки соли 2021 ба Хадамоти иҷро 13137 истеҳсолоти иҷро ворид гардида, назар ба соли 2020-ум 1983 адад зиёд мебошанд. Дар маҷмӯъ, аз солҳои пешин 89664 ҳуҷҷат вобаста ба ситонидани маблағи алимент мавриди иҷрои давравӣ қарор дошта, соли 2021-ум 21 миллиону 507 ҳазор сомонӣ маблағи алимент ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд. Ҳамчунин, дар ин давра ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷрои маҷбурӣ, бинобар саркашӣ кардани қарздорон аз пардохти маблағи алимент, бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбат ба 410 қарздор тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбат ба 479 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон кофтуков эълон шудааст, — иброз намуд Барно Саидвализода.
Маълум гардид, ки бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он дар сохтори Хадамоти иҷро феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ тартиб дода шуд, ки ба он 3 471 шахси воқеӣ ва 184 шахси ҳуқуқӣ шомил мебошанд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»