Нишасти матбуотӣ

Пешбурди корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ нисбатан беҳтар шудааст

№95-96 (3575-3576) 28.07.2016

Д,Д,Молия (2)+25 июли соли равон нишасти матбуотии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор ­гардид.

Ректори донишкада Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид иброз намуд, ки дар соли таҳсили 2015 — 2016 бо мақсади ба низом даровардани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҷӯён ва ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ гардонидани равияю ихтисосҳо, ҳамчунин хубтару беҳтар намудани корҳои ташкилӣ, таълимию методӣ кормандони донишкада корҳои зиёдеро амалӣ намуданд.

Айни замон ба донишкада 443 нафар омӯзгор барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб карда шудааст, ки 93 нафар соатбайъ мебошанд. Шумораи донишҷӯён то 5 майи соли 2016-ум 6515 нафар (3826 нафар дар шуъбаи рӯзона, 2689 нафар дар шуъбаи ғоибона) — ро ташкил медиҳад. Имсол донишкадаро 1399 нафар, аз ҷумла 26 нафар бо баҳои аъло хатм намуданд.

Имрӯз дар донишкада барои таъмини раванди таълим бо техника ва технологияи информатсионӣ, иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар факултетҳо ва дигар сохторҳои донишкада 713 компютер, 112 нусхабардор (ксерокопия), 20 аксбардор (сканер), 20 видеопроектор, 23 тахтаи электронӣ, 9 планшети деворӣ ва 6 экрани банерӣ мавриди истифода қарор дорад.

Дар соли ҷорӣ ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишкада нисбат ба солҳои гузашта дар пешбурди корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ нисбатан беҳтар фаъолият намуданд. Муваффақиятҳо дар самти корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ шаҳодати онанд, ки таваҷҷуҳ ба корҳои илмӣ дар донишкада сол то сол зиёд шуда истодааст. Ин аст, ки дар нимсолаи якум 11 нафар аз ҷумлаи устодон бо унвони ифтихории  «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.

Дар самти робитаҳои байналмилалӣ донишкада ҳамкориро асосан дар бахши таҷрибаивазкунӣ, пешбурди якҷояи корҳои илмию методӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ — педагогии дорои дараҷаи илмидошта, баргузории конфронсу мизҳои мудаввар ва иштирок дар лоиҳаҳои грантӣ ба роҳ мондааст.

Бояд қайд намуд, ки дар соли 2016 донишкада ба 10 муассисаи таълимии хориҷи кишвар  оид ба ҳамкорӣ дархост пешниҳод намудааст.

 

Р. ҲАБИБОВ,

«Садои мардум».