Тайи чанд соли охир дар фасли тобистон баланд шудани ҳарорати обу ҳаво мушоҳида мешавад, ки ин боиси босуръат обшавии пиряхҳо ва баланд шудани сатҳи дарёҳо мегардад. Миёнаҳои моҳи июли соли равон бошад, дар қисмати марказӣ ва ҷанубии мамлакат аз сабаби чангу ғубори зиёд ҳаво дам ва тира буд. Чунин обу ҳавои номусоид ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва саломатии аҳолӣ чӣ гуна таъсир мерасонад? Пешгӯйиҳои обуҳавошиносон дар моҳҳои июлу августи соли равон чӣ гуна аст?
Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳомид Расулзода ба ин саволҳо чунин ҷавоб дод:
- Аз оғози соли ҷорӣ гармшавии ҳаво ба мушоҳида расид. Чунончӣ, моҳи январ фронтҳои метеорологии (сарди) аз самти Урал ба сӯи кишвари мо ҳаракаткунанда ҳамагӣ 14 дарсадро ташкил дод. Боқимонда, 86 дарсади фронтҳои метеорологии ба Тоҷикистон ҳаракаткунанда, аз ҷануб (минтақаҳои гарм) буд. Моҳи феврал бошад, ин рақам 92 дарсадро ташкил дод. Аз ин рӯ, баҳор дар кишвари мо барвақт фаро расид. Хокборише, ки аз 14 то 17 -уми июл идома ёфт, бинобар ҳаракати ҳавои гарм аз самти Эрон, Афғонистон ва Туркманистон рӯй дод. Танҳо дар натиҷаи боронҳои кӯтоҳмуддате, ки дар аксар ноҳияҳои кӯҳӣ борид, хокбориш рӯ ба таназзул овард. Рӯзҳои минбаъдаи моҳи июл дар водиҳо ҳавои бебориш ва дар баландкӯҳҳо боридани борон дар назар аст.
Даҳаи аввали моҳи август дар вилояти Хатлон рӯзона ба ҳисоби миёна ҳарорати ҳаво 38- 43, Суғд 36- 41 ва ноҳияҳои тобеи марказ 34- 30 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хайрулло Ибодзода таъкид намуд, ки саҳеҳияти пешгӯйиҳои обуҳавошиносон нисбат ба солҳои қаблӣ хеле беҳтар шудааст. Чунончӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дурустии пешгӯйии метеорологӣ ба 86 фоиз баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз зиёд мебошад. Алҳол аз 56 шабакаи обуҳавошиносӣ дар 49- тои он мушоҳидаҳо гузаронида мешавад ва мувофиқи реҷа маълумот дар бораи обу ҳаво ба марказ ворид мегардад.
Соли ҷорӣ дар амалиёти ҷумҳуриявии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» 108900 нафар сокинони маҳаллаҳо, хонандагони муассисаҳои миёнаву олӣ ва кормандони корхонаю муассисаҳо иштирок намуданд. Дар натиҷа, беш аз 1381 километр соҳили дарёҳо, каналҳои магистралӣ, обанборҳо, ҷӯйборҳо ва манбаъҳои дигари обӣ тоза карда, зиёда аз 3900 метри мукааб партовҳои гуногун ба партовгоҳҳо бароварда шуданд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»