Раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар нимаи аввали соли равон дар баробари пешравиҳо мушкилот низ вуҷуд доранд. Ба соҳилбандӣ эҳтиёҷ доштани 12 километр соҳили дарёҳо, таъмирталаб будани роҳҳои маҳаллӣ, набудани техникаи роҳдорӣ (экскаватор), норасоии омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ, нарасидани мизу курсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳамин ҷумлаанд.
Ӯ, ҳамчунин, афзуд, ки бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта дар шаш моҳи аввали соли равон нақшаи даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 111 фоиз таъмин гардид. Ба ҷои 6 миллиону 373 ҳазору 470 сомонӣ ба буҷет 7 миллиону 105 ҳазору 665 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 732 ҳазору 195 сомонӣ зиёд мебошад.
- Мушкилии дигар бақияпулиҳои қарзи андоз мебошад, ки 1 миллиону 277 ҳазору 990 сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади кам кардани қарзи андоз дар шаш моҳ аз тарафи кормандони нозироти андози ноҳия як қатор корҳо анҷом дода шуд, ки дар ин замина маблағи зикршуда 600 ҳазор сомонӣ кам гардид,- гуфт Бахтиёр Сафарзода.
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳафт миллиону 177 ҳазору 900 сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 571 ҳазору 200 сомонӣ зиёд мебошад.
Зикр шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 51 миллиону 844 ҳазору 600 сомониро ташкил дод. Дар ин давра 1375 тонна гӯшт, 1020 тонна шир, 466 ҳазор дона тухм истеҳсол гардид.
- Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон якҷо бо соҳибкорони маҳаллӣ дар самти созандагию бунёдкориҳо як қатор корҳоро ба сомон расониданд. Аз 257 адад иншооти банақшагирифта дар 25 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дошта, то якуми июли соли 2022 се иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, — гуфт Бахтиёр Сафарзода.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»