Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода 25-уми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи аввали соли равон дар шафати шоҳроҳ ва талу теппаҳо зиёда аз 125 ҳазор бех ниҳоли ороишӣ ва мевадиҳанда, аз қабили санавбар, туя, айлант, ақоқиё (акатсия), қайрағоч, дрони испанӣ, бодоми талхдона, настаран (хуч), шулаш, олучаи кӯҳӣ ва дигар ниҳолҳои ба иқлими маҳал, мутобиқ, шинонида шуд.
- Дар нимсолаи аввал дар ташкилоту муассисаҳои сохтори агентӣ корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалзор дар 3290,7 гектар иҷро гардид, ки аз он 1968,2 гектар ба бунёди ҷангал ва 1910,9 гектар ба барқароркунии ҷангал рост меояд. Дар 311,6 гектар плантатсияи хуч, писта, чормағз ва дигар намуди дарахтон бунёд шуд,- иброз намуд Абдуҷаббор Юсуфзода.
Аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои агентӣ 11 ҳазору 502 килограмм тухмиҳои дарахту буттаҳои гуногун ҷамъоварӣ гардид, ки замина барои рушди ниҳолпарварӣ мебошад.
Тайи ин муддат дар якҷоягӣ бо аҳолӣ 160,7 тонна растаниҳои ғизоӣ, хӯрданибоб ва шифобахш ҷамъоварӣ гардидааст.
Абдуҷаббор Юсуфзода ёдовар шуд, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» лоиҳаи «Бунёди ҷангал ва агроҷангал барои мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва афзоиши даромади мардум дар Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея амалӣ гардида истодааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур бунёд ва барқароркунии ҷангалҳои саксавул, плантатсияи саноатии хуч, бунёди ниҳолхонаҳо ва ғайра дар муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали вилояти Суғд, ноҳияҳои Ашт ва Хуросон, инчунин, минтақаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ба нақша гирифта шудааст.
С. Наҷмиддинзода,
«Садои мардум»