Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бо дастгирии шарикони рушд платформаи нави сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ таҳия ва соли равон ба истифода дода мешавад. Платформаи нав ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки аз хизматрасонии давлатӣ ба таври фосилавӣ — онлайн истифода баранд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 44040 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар самти қонунгузорӣ 4240 мавод ва дар самти баррасии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ 2308 мавод ворид гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 108 санад барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ ворид гардида, аз ин 71 санад ба қайд гирифта шуда, бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштан 28 санад рад ва 9 санад мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ барои амалиётҳои нотариалии баҷоовардашуда аз тарафи нотариуси давлатӣ беш аз 26 фоиз боҷи давлатӣ ситонида шуда, аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ 489 896 санад ба қайд гирифта шудааст.
М. ЗОКИР,
«Садои мардум»