Ҳафтуми августи соли равон аз масъулони чанд шуъбаи дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сабаби доир нагардидани нишасти матбуотиро, ки муҳлати баргузории он аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, аз 10 июл то 4 августи соли 2017 муайян гардида буд, пурсон шудем. Дар ҷавоб гуфтанд, ки нишасти матбуотӣ дар ноҳия баргузор шудааст. Вале баъди суоли баъдии мо — кай, дар куҷо ва бо иштироки кӣ? — иқрор шуданд, ки то ҳол баргузор нашудааст.
Аз зангҳои телефонӣ огаҳӣ ёфтем, ки нишасти матбуотии раиси ноҳия 7 августи соли 2017 соати 1400 баргузор мешавад ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаро таъҷилан даъват кардаанд.
Аммо аз нишасти матбуотӣ на танҳо баъзе хабарнигорон, балки кормандони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони идораву корхона ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бехабар монданд. Хуллас, ҷамъомад бо ҳузури танҳо масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳаи маорифу тандурустӣ баргузор шуд.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар робита ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ — иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли 2017 гуфт, ки маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулот 269 миллиону 138 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7,0 фоиз зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 97,2 фоиз ва қисми хароҷот 88,7 фоиз иҷро гардидааст.
- Қисми даромади буҷети маҳаллӣ имкон дод, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар нимсолаи аввали соли равон пурра пардохт шавад, — гуфт ӯ.
Ба қавли раиси ноҳия, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи зикршуда 143 миллиону 742 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки баробари 100,3 фоизи нақша мебошад. Айни ҳол аз 271 гектар майдони сабзавот ва 169 гектар картошка 6259 тонна сабзавот ва 2959 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳосилнокии сабзавот ва картошка нисбат ба соли пешин мутаносибан 10 ва 49 сентнерӣ кам мебошад.
Раиси ноҳия, ҳамчунин оид ба дастовардҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, хусусигардонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фаъолияти бахши кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, меҳнат, касбомӯзӣ, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ ва мубориза бар зидди ифротгаройӣ маълумот дод.
Хабарнигорон ба масъалаҳои вобаста ба таъмини аҳолии деҳоти ноҳия бо оби тозаи ошомиданӣ, мушкилоти беобии шаҳраки Сомониён, фаъолияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» суол пешниҳод карданд. Дар робита ба ин зикр гардид, ки чанде пеш деҳаҳои Гиждалобод, Чавлибоӣ ва Чоряккорони деҳоти «Чоряккорон», ки беш аз 11 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, аз рӯи лоиҳаи ОКСФАМ ва маблағгузории Дафтари кории Швейтсария бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд. Аз рӯи барномаи мазкур масъалаи обёрикунии деҳоти «Роҳатӣ» низ пешбинӣ шудааст. Мутаассифона, бо сабаби пардохт нагардидани маблағи истифодаи об аз ҷониби муштариён, дар шаҳраки Сомониён, додани оби нӯшокӣ се соат субҳ ва се соат шом ба роҳ монда шудааст.
Раиси ноҳия Муҳаммадраҳим Юсуфӣ аз камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаҳои мухталифи ноҳия изҳори нигаронӣ карда, ба масъулон барои рафъи онҳо супоришҳои қатъӣ дода, хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаро ба ҳамкории зич даъват намуд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»