Аз гузориши раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ зимни нишасти матбуотӣ (23 январ) маълум гардид, ки соли 2016 Маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия 802 миллиону 509 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки назар ба соли пешин 3,1 фоиз зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ, 96,3 фоиз ва қисми хароҷот 97,4 фоиз иҷро гардидааст, ки дар муқоиса ба соли 2015-ум мутаносибан 3,2 ва 7,8 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ истихроҷи маъдан 7,5 фоиз, коркарди маҳсулоти саноатӣ -74,7, тақсимоти неруи барқ, газ ва об 17,8 фоизро ташкил додааст. Пурра ва замонавӣ азнавсозӣ гардидани кӯчаи марказӣ ва даҳҳо бинои баландошёнаи маъмуриву хусусӣ, такмили инфрасохтору беҳсозии симои кӯчаҳо дар оянда аз ҳадафҳои созандагии роҳбарияти ноҳия бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша мебошад.
Кишоварзон солро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 530 миллиону 485 ҳазор сомонӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2015-ум 15 миллиону 451 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 350 миллиону 120 ҳазор сомонӣ, чорводорӣ 180 миллиону 365 ҳазор сомонӣ маҳсулот тайёр карда, дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 4710 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст. Бо дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони деҳоти «Султонобод», «Чортеппа», «Сарикиштӣ», «Роҳатӣ» ва «Қиблаӣ» дар майдони 163,8 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст.
Раиси ноҳия, ҳамчунин, оид ба дастовардҳо дар соҳаҳои нақлиёт, савдо, хизматрасонии пулакӣ, таъмини саривақтии музди меҳнат, хусусигардонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, фаъолияти бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шуғли меҳнат ва касбомӯзӣ, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ ва мубориза бар зидди ифротгаройӣ маълумот дод.
Хабарнигорон доир ба саҳлангории баъзе масъулон, аз ҷумла, дар таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва полезӣ, қонуншиканиҳо дар тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, ҳолати ғайрисанитарии баъзе муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, дахолат ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва таъмирталаб будани қисме аз роҳҳои маҳаллии деҳоти ноҳия суол доданд. Муҳаммадраҳим Юсуфӣ аз камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ карда, ба масъулон барои рафъи онҳо дар муҳлати наздиктарин супоришҳои қатъӣ дод.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»