- Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат карданд, судҳо 16723 таъиноти хусусӣ бароварданд, — иброз намуд зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён.
Соли 2017 ба марҳилаи якуми Суди Олӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 17612 парвандаи гражданӣ, 43838 парвандаи оилавӣ, 11035 парвандаи ҷиноятӣ, 61749 парвандаи маъмурӣ, 7613 дархости мақомоти тафтиши пешакӣ оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣ ва маҷбуркунии мурофиавӣ, 6397 пешниҳоди сардорони мақомоти иҷрои ҷазо оид ба ҷазои сабуктар иваз кардан, дар маҷмӯъ 156912 парванда ворид ва 148733-тои он баррасӣ гардид.
Дар натиҷа, ба фоидаи давлат ба маблағи 58274114 сомонӣ боҷи давлатӣ, ҷарима, товони зарари аз тасарруфи молу мулки давлатӣ расонида, рӯёнида шуд.
Оид ба вайрон намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби судяҳо 793 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 771 нафар баррасӣ ва ба маблағи 3.349.080 сомонӣ ҷарима таъин гардид. Доир ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» судҳо 17136 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуда, нисбат ба 5028 нафар огоҳӣ ва 10629 нафар ҷаримаи маъмурӣ таъин карданд, — гуфт раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»