Нишастҳои матбуотӣ

Рӯзҳои наздик Шамсиддин Шоҳин — Шоҳон ба истифода дода мешавад

№93 (3730) 05.08.2017

DSC_0010Вазири нақлиёти кишвар Худоёр Худоёрзода 31 июл зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, дар шаш моҳи сипаришудаи соли равон ҳаҷми боркашонӣ бо ҳама намуди нақлиёт ба 35869,7 ҳазор тонна ва гардиши он ба 2766,4 миллион тонна/км баробар шуд, ки мутаносибан 104,7 ва 98,6 дарсади ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад. Бо ҳама намуди нақлиёт ба 274462,6 ҳазор мусофир хизмат расонида шудааст, ки дар қиёс ба як соли пеш 0,7 дарсад кам аст.

Худоёр Худоёрзода оид ба вазъи корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Шамсиддин Шоҳин-Шоҳон гуфт, ки он ба наздикӣ мавриди истифода қарор мегирад ва таҷдиди қитъаҳои Кӯлоб-Қалъаи Хумб ва Шикев-Хоруғ шурӯъ мешавад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»