Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сеюми феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ соли 2022-ро барои мардуми вилояти Суғд соли бобарор арзёбӣ намуд.
- Таҷлили 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят, ифтитоҳи иншооти ҳаётан муҳим бо ҳузури Пешвои миллат аз рӯйдодҳои фараҳбахши соли сипаришуда мебошанд. Ин муддат рушди иқтисодиёт ба 31,9 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,1 фоиз расид. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба 27,6 фоиз баробар шуд, — гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Таъкид шуд, ки соли рафта дар соҳаҳои саноат (бо назардошти индекси нархҳо) 118 фоиз, кишоварзӣ — 112, сохтмон — 114,6, таъмиру тармими роҳҳо — 113,7, нақшаи даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105,4, фоиз таъмин гардид.
Кам кардани теъдоди ноҳияҳои субвенсионӣ, фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар соли сипаришуда, ҳанӯз ба фурӯш нарафтани пахтаи деҳқонони вилоят, саҳми корхонаҳои металлургӣ дар ғанӣ гардидани буҷет ва вазъи минтақаи наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки рӯзноманигорон зимни нишасти матбуотӣ пурсиданд.
Иттилоъ дода шуд, соли ҷорӣ шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Ашт, соли оянда шаҳри Исфараву ноҳияи Спитамен аз субвенсия мебароянд.
Ҳиссаи корхонаҳои истихроҷи маъдан дар ғанӣ гардидани буҷети вилоят 60 дарсад арзёбӣ шуд.
Маълум гардид, ки вакилони халқи вилоят соли сипаришуда чор ҷаласа баргузор намуда, масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
- Сабаби то ҳол ба фурӯш нарафтани пахта поин рафтани нархи он дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Умед дорем, ки ояндаи наздик мушкили деҳқонон бартараф мегардад, — иброз намуд Раҷабой Аҳмадзода.
Вобаста ба вазъи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон зикр шуд, ки дар мулоқоти навбатии роҳбарони вилояти Суғду Боткен, ки бо иштироки роҳбарони сохторҳои қудратии ҳар ду кишвар доир гардид, масъалаи делимитатсия ва демаркатсия бори дигар мавриди баррасӣ қарор гирифта, умед дорем, ки муносибатҳои неки ҳасана барқарор хоҳанд шуд.
Дар интиҳо озмуни «Хомаи созанда-2022» байни журналистони вилоят ҷамъбаст ва 39 нафар бо диплом ва мукофот қадр шуданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»