Аз нишастҳои матбуотӣ

Раҷаббой АҲМАДЗОДА: «Корхонаҳо ба тавозуни ҳукумати маҳаллӣ баргардонда мешаванд»

№20 (4760) 12.02.2024

15Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 6 феврал дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки сабаби асосии бекористии 123 корхонаи саноатии вилоят рақобатпазир нашудан ба иқтисоди бозорӣ аст.

- Он коргоҳҳое, ки солиёни зиёд бекор истодаанду соҳибонашон бобати барқарор кардани фаъолияташон чораҷӯӣ намекунанд, шартномаи давлатиашон бекор ва аз нав ба тавозуни ҳукумати маҳаллӣ баргардонда мешаванд. Айни ҳол ҶС «Нассоҷи Хуҷанд» бо чунин муаммо дар баррасии судӣ қарор дорад. Нисбати коркарди ниҳоии маъдан тавассути технологияи ватанӣ чораҳо андешида мешаванд. Ҳамзамон, нисбат ба корандозии Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» масъулони соҳа дар ҷустуҷӯи шарикони рушданд, — афзуд номбурда.

- Тибқи иттилои расмӣ айни ҳол аз вилояти Суғд наздик ба 135 ҳазор нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки нисбат ба соли 2022-юм 14 ҳазор нафар кам шудааст, — гуфт зимни посух ба саволи хабарнигорон Раҷаббой Аҳмадзода.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»