5 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки соли гузашта ба шарофати фаъолияти дастаҷамъонаи сокинон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешрафту дастовардҳо таъмин гардиданд. Аз ҷумла, нақшаи қисми даромади буҷет 102,0 фоиз иҷро ва ба хазинаи вилоят 1924,6 млн. сомонӣ ворид шуд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 12888,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018, бо дарназардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ, ба 112,9 дарсад баробар аст.
Қайд гардид, ки соли 2019 барои кишоварзон ва чорводорон низ бобарор омад. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 6,7 фоиз ва чорводорӣ 11,5 фоиз нисбат ба соли 2018 афзуд.
Журналистон оид ба саҳми сектори хусусӣ дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҷараёни омодагӣ ба чорабиниҳои умумиҷумҳуриявии «Ваҳдат», 700 — солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, 5500 — солагии шаҳри қадимаи Саразм, пурра таъмин набудани муассисаҳои фарҳангӣ бо воҳидҳои корӣ, нақшаҳо бобати сазовор ҷашн гирифтани 75 — умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз кор мондани корхонаҳои саноатии нав баистифодадодашуда захираи маҳсулоти ниёзи аввал дар ҳолатҳои фавқулода ва ғайра савол дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар ҷамъбаст раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои ҳамкорӣ ба журналистон изҳори сипос намуда, гуфт:
- Аслан мову шумо як ҳадаф дорем — ободу сарсабз гардондани Тоҷикистони азиз, ки аз ҳидояту дастурҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Боварии комил дорам, дар соли равон, ки пур аз чорабиниҳои муҳими давлатию сиёсӣ ва иҷтимоист, ҳамкории мову шумо боз ҳам тавсеа меёбад.
Дар фарҷом озмуни анъанавии «Хомаи созанда» байни рӯзноманигорон ва кормандони телевизион ҷамъбаст шуда, тибқи хулосаи ҳакамон ба беш аз 50 ғолиб дар номинатсияҳои гуногун мукофотҳои пуливу дипломҳо тақдим гардид.
М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»