Аз нишастҳои матбуотӣ

Рақамҳои гӯёи Агентии омор

№98 (4518) 08.08.2022

9Дар нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чоруми августи соли равон баргузор гардид, роҷеъ ба соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ дар кишвар маълумот дода шуд.

Бино ба маълумоти директори агентӣ, дар моҳҳои январ — июни соли 2022 нархи як қатор маҳсулоти хӯрокворӣ қимат шудааст. Чунончи, арзиши сабзавот 8,8 фоиз (бехпиёз — 51,8, саб­зӣ — 32,7, карам — 3,2), маҳсулоти нону булка ва ярмаҳо — 15,1 фоиз (аз ҳисоби орди навъи якум — 22,1, макарон — 13,1, ярмаи марҷ­умак -12,2, нон — 10,7 ва биринҷ — 1,2), равған ва чарбу 4,5 фоиз (равғани пахта — 5,5, равғани офтобпараст — 2,6), шакар 21,2 фоиз, шир — 8,5 ва гӯшти мурғ 2,9 фоиз боло рафт.

Зимнан, нархи маҳсулоти гӯ­шт­ 3 фоиз (асосан аз ҳисоби гӯшти гов — 6,7, гӯшти гӯсфанд — 3,3), помидор 67,3 фоиз, бодиринг — 59,7, тухм — 5,8 ва картошка 3,9 фоиз арзон шудааст. Аз аввали соли 2022 нархи молҳои ғайриозуқа 2,3 фоиз (асосан аз ҳисоби нархи сӯ­зишвории дизелӣ (солярка) — 11,9, маводҳои шустушӯӣ — 10,3, маснуоти доруворӣ — 8,1 ва масолеҳи сохтмонӣ -2,5) қимат шуд.

Директори агентӣ Гулнора Ҳасанзода баъди ҳисоботи мухтасар, ҳамроҳ бо роҳбарони раёсату сохторҳо, ба саволҳои журналистон ҷавоб доданд.

Қайд шуд, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми хизмати пулакӣ 8 миллиарду 786 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 12,8 фоиз зиёд шудааст.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»