Аз нишастҳои матбуотӣ

Раҳим САИДЗОДА: «Эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ рафъ мешавад»

№89 (4509) 20.07.2022

ministr-obrazovanija- Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадр­ҳои омӯзгорӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон алоқамандии ногусастанӣ дорад, — изҳор дошт вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саидзода Раҳим Ҳамро зимни нишасти матбуотӣ, ки 19 июли соли 2022 доир ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ  бахшида шуд.

Вобаста ба ин вазир дар ҷавоби саволи хабарнигор оид ба норасоии муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, аз ҷумла, гуфт, ки барои соли таҳсили нав эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ ба 3406 нафар пешниҳод гардидааст, ки нисбат ба як соли пеш 1240 нафар зиёд мебошад.

Соли ҷорӣ гурӯҳҳои буҷетии муассисаҳои таҳсилоти миёна  ва олии касбиро бо равияи омӯзгорӣ 7153 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 748 нафарашон, тибқи Квотаи президентӣ таҳсил кардаанд. Бинобар ин, гумон мекунам, соли ҷорӣ эҳтиёҷот бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра рафъ хоҳад шуд.

- Муассисаҳои таълимие, ки тибқи созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар панҷ шаҳри кишвар — Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода бунёд шуда истодаанд, дар оғози соли нави таҳсил хонандагони аввалинашонро ба оғӯш хоҳанд гирифт. Ҳар ҳафта дар яке аз иншоотҳои бунёдшаванда ҷаласаи назоратӣ доир шуда, дар он аз тариқи онлайн масъулони бунёди чор муассисаи таълимии дигар иштирок менамоянд. Рафти корҳо таҳлил, вазифаҳо муайян мешаванд, — дилпур намуд хабарнигоронро вазир.

Талаботи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ба ангишт 55 ҳазору 648 тонна, ҳезум 51 ҳазору 242 м3 ва  сӯзишвории дизелӣ  123 ҳазору 267 литрро ташкил менамояд. Маблағ барои харидории маводи зикршуда асосан дар семоҳаи сеюм ва чорум пешбинӣ шудааст ва бовар дорем, ки муассисаҳои таълимӣ дар давраи тирамоҳу зимистон танқисӣ намекашанд.

Ҷалби сармояи хориҷӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 мебошад. Ҳамин гуна  фаъолияти ҳадафманд буд, ки бори нахуст Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ дар лоиҳаи нави маблағгузории Ташкилоти шарикии глобалии маориф (GPE) дар миёни 76 давлат ба ҳайси гирандаи грантҳои пилотӣ интихоб гардид  ва нақшаи стратегии Тоҷикистон барои амалишавии Ҳадафҳои рушди устувори СММ аз нақшаҳои стратегии муваффақ дониста шуд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»