Зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 615 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 93053 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин 3870 муассисаи таълимии рӯзона, аз ҷумла 352 ибтидоӣ, 489 умумии асосӣ ва 3029 миёнаи умумӣ кор мекунанд.
Муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев дар бораи сатҳи донишазхудкунӣ ва шароити таълимии хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар гуфт, ки айни замон тибқи ҳисоботи оморӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 61262 компютер, 10983 проектор, 2434 генератори дизелӣ мавриди истифода қарор доранд. Инчунин, 2384 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шабакаи интернет пайваст карда шуда, 407 синфхонаи компютерӣ шабакаи дохилӣ доранд.
Хонандагони кишвар аз аввали соли 2018 дар 13 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Россия, Малайзия, Булғория, Беларус, Ветнам, Италия ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 196 медал, аз ҷумла, 47 медали тилло, 71 медали нуқра, 78 медали биринҷӣ гардиданд.
ВОРИС, «Садои мардум»