Аз нишастҳои матбуотӣ

Рақобат таъмин аст

№17 (4229) 06.02.2021

DSC_1383Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулмаҷид Мубин се-юми феврали соли  равон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли 2020 ба кишвар 89,9 ҳазор тонна орд бо нархи 261 доллари ИМА ба-рои як тонна ворид гардид, ки нисбат ба соли гузаш та 4,1 ҳазор тонна ё 4,8 дарсад зиёд мебошад.  Воридкунандагони орд 50 субъекти хоҷагидор буда, қисмати асосӣ (94,6 дарсад) аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуд. 

-Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра бозори воридоти гандум рақобатпазир буда,  95 субъекти хоҷа-гидор ба ин кор машғуланд.  Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти воридгардида 93,3 дарсад ба Ҷумҳурии Қазоқистон, 5 дарсад ба Федератсияи Россия ва 1,6 дарсад ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рост меояд,- изҳор дошт ӯ. Дар нишасти матбуотӣ, ҳамчунин, доир ба воридоти шакар, равғани растанӣ, сӯзишворӣ ва ангишт иттилоъ доданд. Масъулин таъкид карданд, ки дар ин бозорҳо рақобат таъмин мебошад.

Бино ба гуфти Абдулмаҷид Мубин, Хадамоти зиддиинҳисорӣ соли сипаришуда дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон низ як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Иттилоъ гирифтем, ки дар ин давра аз рӯйи натиҷаи санҷишҳои гузаронидашудаи нақшавӣ, ғайринақшавӣ ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба маблағи 10423940,01 сомонӣ вайронкунии қонунгузории маъмурӣ ошкор гардида, ашхоси гунаҳкор 807 060 сомонӣ ҷарима шуданд. Аз маблағи зикршуда то ин вақт 9 124 826,82 сомонӣ ба буҷети давлат гузаронида шудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»