Аз нишастҳои матбуотӣ

Рад шудани дархост барои иҷозатномаи сохтмон афзуд

№95 (4357) 22.07.2021

M.Zuvajdzoda-1Дар нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 июли соли 2021 доир шуд, тартибу талаботи додани иҷозатнома ба ширкатҳои сохтмонӣ, сифати манзилҳои истиқоматии эъморшаванда, татбиқи нақшаҳои генералии шаҳру навоҳӣ, раванди эъмори иншооти муҳим, аз ҷумла, биноҳои Ҳукумат ва парлумон, «Театри миллӣ», маҷмааи «Рамзи истиқлол» аз масъалаҳое буданд, ки журналистон ба онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

 Маълум гардид, ки дар иншооти зикршуда корҳои сохтмонӣ дар сатҳи хубу сифати баланд идома дошта, дар муҳлати пешбинишуда мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

 Бино ба гуфти раиси кумита Маҳмадсаид Зувайдзода, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ талабот нисбат ба ташкилотҳои сохт­монӣ баҳри дарёфти иҷозатномаи сохтмон ҷиддитар гардида, барои гирифтани он 271 дархост ворид гардид. Баъд аз омӯзиши ҳамаҷониба ба 66 — тои он посухи рад дода шуда, дархости 43 ширкат дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

 Маҳмадсаид Зувайдзода, инчунин, гуфт, ки теъдоди дархостҳои радшуда дар қиёс ба солҳои пеш хеле зиёд мебошад. Аз ин бармеояд, ки талабот ҷиддӣ ва хулосабарорӣ мунсифона аст.

 Номбурда аз заиф будани пойгоҳи техникии баъзе аз ташкилотҳои сохтмонӣ ва нокифоягии мутахассисон дар онҳо изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки минбаъд назорат дар ин самт пурзӯртар хоҳад шуд.

 Тибқи иттилои дастрасшуда, ҳоло дар мамлакат 2 ҳазор ширкату ташкилотҳои сохтмонию пудратчӣ фаъолият доранд. Дар муддати зикршуда зимни санҷиш мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон 2 ҳазору 800 камбудиро ошкор намуданд.

 Масъулин ин масъаларо шарҳу тавзеҳ дода, таъкид карданд, ки барои рафъи бетаъхири нуқсонҳои ошкоргардида ба ширкатҳои сохтмонӣ 564 амрнома ирсол шуда, иҷрои онҳо зери назорат аст.

Далери АБДУЛЛО,

«Садои мардум»