- Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт зодаи даврони истиқлолият аст. Он муассисаи асосии омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ дар водии Рашт ба ҳисоб равад ҳам, солҳои аввали фаъолият омӯзгорони унвондор намерасид. Соли таҳсили 2023-2024 ҳайати профессорону омӯзгорони унвондор дар донишкада ба 131 нафар расид, — гуфт ректори донишкада Маҳмадиёр Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ.
Донишкада, ҳамчунин, дар асоси шартномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия чанд мутахассиси рус — доктори илми фалсафа, профессор ва номзади илми филологияро ба кафедраи забон ва адабиёти рус ба кор пазируфтааст.
Иттилоъ гирифтем, ки соли таҳсили 2023-2024 ба донишкада аз рӯи 26 ихтисос қабули 1062 нафар ( 376 нафар буҷетӣ, аз ин 36 нафар квота, 772 нафар шартнома) ба нақша гирифта шуда буд. Дар маҷмӯъ, 529 нафар бо супурдани имтиҳон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯ шуданд, ки 49 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»