Аз нишастҳои матбуотӣ

Раиси «Амонатбонк» аз рӯзноманигорон чӣ хоҳиш кард?

№102 (4842) 23.08.2024

2Дар нишасти матбуотӣ раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода ба журналистон барои ифшои камбудӣ ва пешниҳодҳо арзи сипос карда, хоҳиш намуд, ки чунин ҳамкорӣ минбаъд тавсеа бахшида шавад.

Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дороиву уҳдадорӣ дар «Амонатбонк» мутаносибан 7,9 млрд. ва 7 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 20,9% ва 21,4% зиёд гардидааст. 17,3 фоиз афзудани сармоя ва ба 69,5 млн. сомонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,4% зиёд расидани фоидаи софи бонк идомаи мантиқии ин раванд аст. Муҳимтар аз ҳама, пардохтпазирии бонк дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд.

- Дар ин замина «Амонатбонк» ба буҷети давлат 50,7 млн. сомонӣ, аз ҷумла андоз, пардохт намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,4 фоиз зиёд мебошад. «Амонатбонк» хизматрасониҳоеро анҷом медиҳад, ки ба бонкҳои дигар хос нест. Қабули маблағҳои коммуналӣ аз ҳамон ҷумла буда, дар ин давра 20,3 фоиз афзуда, ба 1,8 млрд. сомонӣ расид, — гуфт номбурда.

 Дар баробари дигар комёбиҳо эътимоди аҳолӣ низ ба «Амонатбонк» тақвият ёфта, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 — юм 19,7 фоиз зиёд гардидани амонати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шаҳодати ин гуфта мебошад. Қобили зикр аст, ки ҳоло бақияи пасандозҳои зикршуда 5,8 млрд. сомониро ташкил дода, дар шаш моҳи аввали соли 2024 ба шаҳрвандон 39,9 млн. сомонӣ фоиз пардохт шудааст.

Бонк дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 31 ҳазор муштарӣ 956 млн. сомонӣ қарз додааст. Мувофиқи иттилои Алиҷон Салимзода, сандуқи қарзии бонк 2,4 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 21 фоиз афзудааст.

- Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар дар Паёмашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат баён гардид, «Амонатбонк» сиёсати қарздиҳии худро таҷдид намуда, ба соҳаҳои афзалиятнок имтиёзҳо пешниҳод кард. Аз ҷумла фоизи қарзҳо ба соҳаи сохтмон 4 банди фоизӣ, саноат, кишоварзӣ , тиҷорат, қарзҳои ипотекӣ 2 банди фоизӣ ва қарзҳои овердрафтӣ 1 банди фоизӣ паст карда шуд. Дар ин замина пешниҳоди қарз дар доираи аз 10 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 7 то 12 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян шудааст. Илова бар ин, «Амонатбонк» пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро бо номҳои «Баҳор-2024», «Кишоварз», «Автоқарз» ва «Занҳои муваффақ» роҳандозӣ намуд, — афзуд А. Салимзода.

Д. АБДУЛЛО,

«Садои мардум»