Аз нишастҳои матбуотӣ

Раиси ВМКБ: «Волоияти қонун таҳрикбахши рушди ҳама соҳа аст»

№26 (4446) 26.02.2022

IMG_4590- Бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои мавҷуда аз соли гузашта то инҷониб бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди босуботи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмин шуда, корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфтанд, — иброз намуд раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зимни нишасти матбуотӣ. Ӯ афзуд, ки бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмону таъмири 910 иншоот пешбинӣ гардида, то январи соли 2022-юм 1003 иншоот бо харҷи 963 миллиону 877 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тайи се соли охир дар сохтмони иншооти нав 1767 ҷойи нави кор муҳайё гардид. Хусусан, дар доираи сафари кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят 45 иншооти замонавии дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

- Нақшаи қисми даромади буҷети вилоят, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 113,6 фоиз иҷро гардид, яъне ба ҷои 153,6 миллион сомонии пешбинишуда, 176,5 млн. сомонӣ ба буҷет ворид шуд, ки  нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 21,2 млн. сомонӣ бештар аст. Қисми хароҷоти буҷет 98,7 фоиз мебошад. Ҳоло дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 406,6 млн. сомонӣ амалӣ шуда истодаанд, — гуфт Алишер Мирзонабот.

Ҷиҳати таъмиру навсозии роҳҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ тавассути сармоягузории шарикони рушд ва Ҳукумати мамлакат 204,6 млн. доллар аз худ гардида, тибқи дурнамои рушди иқтисоди ВМКБ, ҷалб намудани 323,6 млн. доллар барои навсозии роҳҳои вилоят дар назар дошта шудааст. Лоиҳаи калонтарин сохтмони роҳи автомобилгарди Қалъаи Хумб — Ванҷ – дарвозаи Рӯшон мебошад, ки маблағи он 226,3 млн. долларро ташкил дода, 93 километр роҳ, 15 пул, 2 нақб ва 5 долони зиддитарма бунёд хоҳанд шуд.

Доир ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар вилоят сухан ронда, раиси вилоят гуфт, ки аз 420 ҷинояти дар ин давра ба қайдгирифташуда, 367 ҷиноят ошкор шуда, дар муқоиса ба соли 2020-ум 108 адад зиёд мебошанд.

- Проблемаи асосии вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ, дар таъмини волоияти қонун аст, — таъкид намуд Алишер Мирзонабот ва тавзеҳ дод, ки ҳанӯз соли 2018 саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар Хоруғ аҳд бастанд, ки дигар даст ба ҷиноят намезананд. Вале аз соли 2018 то 2022 боз 24 адад ҷинояти нав аз тарафи онҳо содир гашт.

Раиси вилоят дар охир иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, то ки вазъ дар вилоят бо роҳи мусолиҳаомез ҳаллу фасл гардад. Зимнан, волоияти қонун таҳрикбахши рушди ҳама соҳа аст ва барои таъмини он ҳама кӯшишро ба харҷ медиҳем.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»