Аз нишастҳои матбуотӣ

Рамазон РАҲИМЗОДА: «Мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкориро бо аҳолӣ пурзӯр менамояд»

№17-18 (4437-4438) 08.02.2022

DSC_9839Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода 2 феврали соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли сипаригардида дар ҷумҳурӣ 24 118 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 658 ҷиноят зиёд мебошад. Аз ин шумора мақомоти корҳои дохилӣ 15563 ҷиноятро ошкор намуда, кушодашавии ҷиноятҳоро ба 80,5 фоиз расонид.

Маълум гардид, ки соли гузашта ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, таҷовуз ба номус, савдои одамон, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, авбошӣ, қаллобӣ, дуздӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, тамаъҷӯӣ ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ зиёд ба қайд гирифта шуданд.

 - Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро мебошад. Дар натиҷаи пурзӯр намудани фаъолияти оперативӣ — хизматии мақомоти корҳои дохилӣ соли 2021-ум 579 нафар аъзои ташкилоти террористиву экстремистӣ дар содир намудани 766 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 339 нафар дар содир намудани 311 ҷиноят дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ҳамчунин, 15 ҳолати маблағгузорӣ ба терроризм, 4 суиқасд бо акти терроризм ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта, содиркунандагони он дастгир шуданд, — гуфт вазир.

 Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ соли 2021 дар ҷумҳурӣ 652 адад силоҳи оташфишон, суфтамил ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира гардидааст.  Аз тарафи ҷавонон ё бо иштироки онҳо 4759 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 154 ҷиноят камтар аст.

 Илова бар ин, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиёт 395 шаҳрванд ба ҳалокат расида, 218 нафар ҷароҳат бардоштанд. Инчунин, бар асари 1189 ҳодисаи сӯхтор 10 шаҳрванд фавтида, маблағи зарари ба молу ашёрасида пардохт гардид.

Муҳаммад Зокир,

«Садои мардум»