Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, дар нишасти матбуотӣ, ки соли 2023 баргузор гардид, бо хабарнигорон пиромуни бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ чунин иброз кард:
- Дар шаш моҳи аввали соли 2023 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия 48 миллиону 875 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Аз ҳисоби даромадҳои худӣ бошад нақшаи воридоти андозҳо ба андозаи 110 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 16 миллиону 483 ҳазор сомонӣ 18 миллиону 131 ҳазор сомонӣ ворид гаштааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 179 миллиону 947 ҳазор сомонӣ баробар шуд. Нақшаи истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва асал барзиёд иҷро гардид. Дар ноҳия дар майдони 805,2 гектар ғалладонаи тирамоҳӣ ва 965,2 гектар ғалладонаи баҳорӣ кошта шуд, ки нисбат ба нақша мутаносибан 59,8 ва 33,2 гектар зиёд аст.
Кишоварзон дар майдони зиёда аз 1570 гектар картошка кишт карданд, ки 104,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 3414 гектар кишти картошка гузаронда шуд, ки нисбат ба нақша 214 гектар зиёд мебошад. Майдони боғоти ноҳия 5173 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 4914 гектараш боғи ҳосилдеҳ аст.
Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022 «Дар бораи солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026» нақшаи чорабиниҳо таҳия гардид, ки тибқи он бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд дар солҳои 2022-2026 бунёди 21 корхонаву коргоҳ, аз ҷумла дар соли 2023 таъсиси 5 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ, дар назар аст.
Ноҳияи Рашт дорои захираҳои бой ва мавзеъҳои нодир барои рушди сайёҳӣ аст. Дар ноҳия имкониятҳои рушди сайёҳии экологӣ, агросайёҳӣ, истироҳатӣ, кӯҳнавардӣ, шикор, аспсаворӣ, варзишӣ ва зиёрати ҷойҳои муқаддас фароҳам мебошанд, — гуфт дар хотима Раҳимҷон Муқимӣ.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»