- Соли 2024 сармояи бонк ба 990 млн. сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли 2023-юм 15 фоиз зиёд аст. Фоидаи софи бонк низ афзуда, 140 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 8,4 фоиз зиёд аст, — иттилоъ дод зимни нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» раиси он Алиҷон Салимзода.
Тавре Алиҷон Салимзода гуфт, амонати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 6,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 27,5 фоиз бештар аст. Аз он қаноатмандӣ шуд, ки дар давраи мавриди назар пасандозҳои аҳолӣ тамоюли афзоиш касб карда, ба 2,8 млрд. сомонӣ расидааст.
Пешниҳоди қарз ба мизоҷонро шарҳу тавзеҳ дода Алиҷон Салимзода иттилоъ расонд, ки КВД БАҶТ «Амонатбонк» раванди қарздиҳиро таҷдид намуда, ба соҳаҳои афзалиятнок имтиёзҳои гуногун муқаррар кардааст. Ҷанбаи дигари мусбати ин иқдом аз 2 то 4 банди фоизӣ кам шудани меъёри фоизи қарзҳо бо пули миллӣ мебошад. Ҳоло пешниҳоди қарз аз ҷониби ин муассиса аз 10 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 7 то 12 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян шудааст. Соли сипаришуда аз ҷониби ин бонк ба 69 ҳазор муштарӣ 2,5 млрд. сомонӣ қарз дода шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2023 мутаносибан 31,3 ва 36 фоиз зиёд мебошад.
Дар робита ба маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз Алиҷон Салимзода ҳолати таъсиси хазинаҳои интихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва ҳизбҳои сиёсиро пурсидем. Бино ба гуфти номбурда, кор дар ин самт муназзам буда, ягон мушкил вуҷуд надорад. Маълум гардид, ки то ин вақт номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ хазинаи интихоботии худро барои маблағгузории интихобот таъсис доданд. Маблағҳои хазинаи мазкур дар суратҳисоби муваққатии махсуси «Амонатбонк» нигоҳ дошта мешаванд.
Д. АБДУЛЛО,
«Садои мардум»