Аз нишастҳои матбуотӣ

Рейтинги Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ баланд шуд

№90 (4040) 25.07.2019

_DSC0010+Дар шаш моҳи аввали соли равон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов аз рӯи 33 намуди варзиш  40 сабқат баргузор гардид. Соли шашум аст, ки дастаи волейболбозони донишкада зери роҳбарии Ҳусейн Давлатов миёни 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ғолиб мегардад. Аз рӯи рейтинги мактабҳои олии мамлакат донишкада дар ҷойи 8-ум аст. Аз ин хусус ректори донишкада,  доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров 22 июли соли равон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, ки алҳол дар донишкада 132 аъзои дастаи мунтахаби кишвар тибқи муқаррарот озод таҳсил намуда, аз тарафи раёсат дастгирӣ меёбанд. Аз он қаноатмандӣ карда шуд, ки моҳи июли соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқис­тон аз рӯи варзиши сабук мусобиқаи байналмилалӣ баргузор гашт, ки дар он донишҷӯи соли 1-уми факултети «Тарбияи ҷисмонӣ» Манзаршоҳ ­Аъзамзода сазовори медали биринҷӣ гардид. Илова бар ин, ду шоҳмотбози донишкада дар Қирғизис­тон ҷоизадори мусобиқаи  байналмилалӣ  гардиданд.

Ҳар сол донишкадаро 2000 нафар хатм карда, дар соҳаҳои маориф, мудофиа, корҳои дохилӣ, амният, ҷавонон ва варзиш бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Соли гузашта аз миёни хатмкардагон 25 бону дар донишкада ба кор ҷалб шуданд.

Имсол бори аввал 200 зан дар имтиҳони маҳорат  ширкат варзиданд, ки дар миёнашон номзад ба устодони варзиш зиёданд. Ҳоло донишкада бо 42 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Молдова, Булғористон, Полша, Украина, Беларус ҳамкорӣ дорад.

Дар донишкада ба кабудизоркунӣ ва корҳои ободонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Ҳар сол омӯзгорону донишҷӯёни донишкада то 5000 бех ниҳол мешинонанд. Илова бар ин, нигоҳубини 8000 ниҳоли дар шаҳраки Лучоб аз ҷониби кормандони Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинондашуда  низ ба зиммаи аҳли донишкада вогузор аст.

Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум»