Нишасти матбуотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 15 июли соли равон таҳти раёсати муовини якуми ректор Маҳмуд Тошматов баргузор шуд.
Иттилоъ пайдо кардем, ки рейтинги таълимгоҳи олӣ нисбат ба соли 2018, яъне дар чор соли охир, чор зина боло рафта, айни ҳол дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мақоми ҳаштумро ишғол мекунад. Ҳоло се барномаи таълимии донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома мебошад ва дипломи хатмкардагони барномаҳои таълимӣ дар мамлакатҳои Аврупо низ пазируфта мешаванд. Бо дарназардошти раванди рақамикунонии иқтисодии мамлакат, талаботи муосири бозори меҳнат ва пешниҳоди кордиҳандагон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ донишгоҳ барои ду ихтисоси нав — «Интеллекти сунъӣ» ва «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат» соҳиби иҷозатнома гардид.
Маҳмуд Тошматов пешбурди корҳои илмӣ — тадқиқотиро яке аз самтҳои калидии фаъолияти донишгоҳ унвон карда, гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон се нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои номзадиро дар шӯроҳои диссертатсионии КОА Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ карданд. Инчунин, дар назди донишгоҳ шӯрои диссертатсионӣ оид ба додани дараҷаи илмии доктори фалсафа ва доктор аз рӯи якчанд ихтисоси дигар амал менамояд. Дар ин давра ҳайати омӯзгорон соҳиби ду патент оид ба ихтироъкорӣ ва як натиҷаи мусбат оид ба гирифтани патент шуданд. Натиҷаҳои корҳои илмӣ — тадқиқотии олимони донишгоҳ дар корхонаи ҶДММ «Ноҳид»-и шаҳри Истаравшан, ҶСК «АТО» — и шаҳри Душанбе, корхонаи нони «Зарафшон», ҶДММ «Ваҳдат – Текстил» ва ҶСШК «Шаҳринав» татбиқ шудааст.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»