Иҷрокунандаи раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода 10 феврали соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки бо мақсади рушди соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр соли 2021 «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025» таҳия ва бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр тасдиқ шудааст. Барнома 88 лоиҳаро бо маблағи 204,8 миллион сомонӣ дар бар мегирад ва соли 2021-ум 29 лоиҳаи он бо харҷи 17 миллиону 948,1 ҳазор сомонӣ ё ба қадри 33 фоиз иҷро гардид.
Зикр шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр ба маблағи 140 миллиону 461,2 ҳазор сомонӣ ва қисми хароҷоти он ба маблағи 40 миллиону 954 ҳазор сомонӣ иҷро гардид.
Дар ин давра нақшаи чор навъи андоз, аз ҷумла андози даромад аз шахсони воқеӣ, аз фоида, аз арзиши иловашуда ва андози иҷтимоӣ, ки дар маҷмӯъ 104,6 миллион сомониро дар бар мегирад, иҷро нашуд. Сабаби иҷро нашудан кам гардидани иҷрои корҳо аз тарафи корхонаҳои дар қайди Нозироти андози шаҳрбуда, ки дар сохтмони НБО «Роғун» фаъолият менамоянд, мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли махсулоти саноатӣ, бо дарназардошти неруи барқи НБО «Роғун» ба 390 миллиону 500,4 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2020-ум 44 миллиону 646,4 ҳазор сомонӣ ё 113,0 фоиз зиёд мебошад. Илова бар ин, дар доираи саноатикунонии босуръати мамлакат 5 коргоҳи хурди саноатӣ бо таъсиси 22 ҷойи кори доимӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд.
- Баҳри пешгирии қонунвайронкунӣ дар истифодаи замин аз тарафи Кумитаи идораи замини шаҳр 77 ҳолат ошкор гардида, қонунвайронкунандагон ба маблағи 44792 сомонӣ ҷарима шуда, 76 ҳолати қонунвайронкунӣ дар масоҳати 17,29 гектар замин бартараф шуд, — иброз намуд номбурда.
Раиси шаҳр аз афзоиш ёфтани ҷинояткорӣ, ки нисбат ба соли 2020-ум 7 ҷиноят зиёд мебошад, нигаронӣ намуда гуфт, ки бештари ҷиноятҳо дар самти дуздӣ ва авбошӣ миёни ноболиғон сар задааст.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»