Аз нишастҳои матбуотӣ

Роғун. 34 қонунвайронкунӣ дар истифодаи замин ошкор шуд

№100 (4362) 03.08.2021

DSC02005Дар шаҳри Роғун истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо дарназар­дошти неруи барқи НБО «Роғун» дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ба 211 957,8 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузаш­та 49 765,1 ҳазор сомонӣ ё 130,6 фоиз зиёд аст. Қисми даромади буҷет дар ин давра 96 696,5 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки аз нақша 4 290,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷот 20 593,4 ҳазор сомонӣ (90 фоиз) иҷро гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 2 миллиону 209,8 ҳазор сомонӣ кам аст. Дар ин бора раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода зимни нишасти матбуотӣ (24 июл) маълумот дод.

- Баҳри пешгирии қонунвайронкунӣ дар истифодаи замин аз тарафи Кумитаи идораи замини шаҳр 34 ҳолат ошкор гардида, қонунвайронкунандагон 19,4 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, 21 ҳолати қонунвайронкунӣ дар масоҳати 2,69 га замин бартараф шуд, — гуфт ӯ.

Андозҳо, бо дарназардошти тағйироти воридгардида 93,4 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шудаанд, ки дар қиёс ба нақшаи пешбинишуда 4,1 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра нақшаи ду намуди андоз — аз фоида 1,6 миллион сомонӣ ва арзиши иловашуда 3,5 миллион сомонӣ иҷро нашуд.

Аз ҷониби ШВКД дар шаҳри Роғун 59 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пеш чор ҷиноят зиёд мебошад. Хушбахтона, дар нимсолаи аввали соли равон аз тарафи ноболиғон ягон ҷиноят ба қайд гирифта нашудааст.

Дар робита ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори 145 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ҳол 106 адади он мавриди истифода қарор гирифта, 40 иншоот дар арафаи анҷомёбист, — гуфт Музаффар Сулаймонзода.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»