- Давоми солҳои 2021-2024-ум 51,1 фоизи лоиҳаҳо мавриди иҷро қарор дода шуд, ки ин нишондод азхудкунии 85,6 миллион сомонӣ ё 41,8 фоизро дар бар мегирад. Аз ин 43,4 миллион сомонӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ, 7,5 миллион сомонӣ буҷети маҳаллӣ, 50,0 ҳазор сомонӣ буҷети ҷумҳуриявӣ ва 34,6 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша мебошад, — гуфт раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода зимни нишасти матбуотӣ.
Тавре иттилоъ гирифтем, дар давраи ҳисоботӣ қисми даромади буҷети шаҳр бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 160,1 миллион сомонӣ ё 103 фоиз иҷро гардида, қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҷойи 66,4 миллион сомонии нақшавӣ 65,9 миллион сомонӣ ё 99,3 фоиз баробар гардидааст. Нақшаи тасдиқшудаи ҳамаи намуди андозу даромадҳо ба ҷойи 163,8 миллион сомонӣ 169,8 миллион сомонӣ иҷро шуда, ин нишондод 103,7 фоизи иҷрои нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Танҳо нақшаи андоз аз даромад иҷро нашудааст ва ба буҷет 5,6 миллион сомонӣ кам ворид гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра бо назардошти неруи барқи НБО «Роғун» ба 331,8 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбати соли гузашта 127,1 миллион сомонӣ кам ва 72,3 фоизи нақша таъмин шудааст.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ 129,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 4,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз тарафи кормандони кумитаи идораи замини шаҳри Роғун дар соли 2024-ум 98 ҳолати қонунвайронкунӣ оид ба ҳолат ва истифодаи замин дар майдони 15,6 гектар ошкор шуда, ба маблағи 67,5 ҳазор сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардид. Дар маҷмуъ, 54 ҳолати қонунвайронкунӣ дар масоҳати 14,33 гектар замин бартараф карда шудааст.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»