Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ки 30 июли соли равон баргузор шуд, раиси он Сунъатулло Саидзода роҷеъ ба бурдубохти шашмоҳаи аввали соли 2022 маълумот дода, аз ҷумла чунин гуфт:
- Нақшаи ҳамаи навъи андозу даромадҳо бо назардошти тағйироти воридгардида ба ҷои 101 миллиону 600 ҳазор сомонӣ 65 миллиону 700 ҳазор сомонӣ иҷро шуда, 64,6 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Се навъи андоз, аз ҷумла, андоз аз даромад 6 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, андоз аз арзиши иловашуда 19 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, ки 11 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, иҷро нашуд. Сабаби иҷро нашудан ва кам гардидани иҷрои корҳо аз тарафи корхонаҳои дар қайди Нозироти андози шаҳрбуда, ки дар сохтмони НБО «Роғун» фаъолият менамоянд, мебошад
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 17 миллиону 400 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, аз нақша 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзон имсол ба ҷои 976 гектар дар майдони 1017,5 гектар, аз ҷумла дар 558,5 гектар ғалладонагиҳо, 109 гектар картошка, 35 гектар зироатҳои техникӣ, 35 гектар сабзавот, 1 гектар полезӣ ва 279 гектар алафҳои бисёрсолаи хӯроки чорворо кишт карданд, ки 104,2 фоизи нақшаро ташкил менамояд. Дар ин давра истеҳсоли гӯшт 443,6 тонна ё 107,9 фоиз, шир 863,5 тонна ё 102,6 фоиз ва тухм 428,9 ҳазор дона ё 101,5 фоиз иҷро гардида, аз тарафи заминистифодабарандагон 15,3 гектар боғи нав бунёд ва 3,4 гектар боғҳои куҳна барқарор карда шуданд.
Дар ин давра кормандони Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Роғун барои ошкор кардани ҷиноятҳо, пешгирӣ ва ба низом даровардани тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳр чорабиниҳои зиёдро амалӣ намуда, 39 ҷиноятро ба қайд гирифтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҷиноят кам буда, кушодашавии он 70 фоизро ташкил медиҳад. Ҳарчанд дар байни ноболиғон ягон ҷиноят ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, вале 6 нафар ҷавон 5 ҷиноят содир карданд, ки аз ин як ҳолат бо моддаи 307/1 қ.2, се ҳолат бо моддаи 244 қ. 2 ва як ҳолат бо моддаи 139-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор шуда, нисбат ба гунаҳкорон парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»