Яке аз вазифаҳои асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сари вақт омода кардани муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба фасли тирамоҳу зимистон буд. Мутаассифона, қисме аз мактабҳои шаҳр, аз ҷумла, МТМУ №1, №2, ки дар маркази шаҳр воқеанд, то ба ҳол бо гармӣ таъмин нестанд. Ин нуктаро раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.
Номбурда сабаби ба чунин ҳол гирифтор шудани муассисаҳои таълимиро ба мавҷуд набудани буғхонаҳо алоқаманд намуд. Айни замон гармӣ дар синфхонаҳои мактабҳо бо қувваи барқ таъмин мешавад. Дар ҳар як синфхона то ду — се гармкунаки барқӣ мавҷуд аст, ки ин ба талаботи масоҳати синфхона мувофиқ нест, вале илоҷ нест. Ба ин нигоҳ накарда, хонандагон дар дарс бо либоси зимистона ва сарпӯш менишинанд, ки ба ҷараёни азхудкунии дарс ба онҳо халал мерасонад.
Раис шарҳ надод, ки агар дар мактабҳои маркази шаҳри Роғун вазъ чунин бошад, пас мактабҳои деҳот чӣ ҳол доранд? Биноҳои маъмурии ташкилоту идора, муассисаҳои тиббӣ ва корхонаҳо бо кадом роҳ гарм карда мешаванд?
Музаффар Сулаймонзода афзуд, ки соли сипаришуда аз ҳисоби буҷети давлатӣ роҳҳои деҳоти «Қади об» ва деҳаи «Ёл»-и гармоба ба маблағи беш аз 11881 сомонӣ таҷдиду навсозӣ гардиданд. Дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр майдончаи замонавӣ барои бозии футбол ба маблағи 870 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт.
Дар ин давра дар шаҳри Роғун 79 қонунвайронкунӣ оид ба истифодаи замин ошкор ва қонуншиканҳо ба маблағи 33915 сомонӣ ҷарима шуданд.
Дар интиҳо оид ба норасоии мутахассисони соҳаи тиб, аз кор рафтани табибони ботаҷриба ва ба беморон сари вақт нарасонидани кумаки аввалияи тиббӣ, омодагиҳо ба «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил», фаъолияти КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул», КВД «СОКОЛ ва ХЭМК»-и шаҳри Роғун ва муносибат бо муроҷиаткунандагон суолҳои зиёд пешниҳод шуданд, вале масъулон ба онҳо ҷавобҳои қаноатбахш дода натавонистанд.
М. ЗОКИР, Садои мардум»