-Мувофиқи маълумоти Раёсати молия ва Нозироти андози шаҳр дар нимсолаи якуми соли равон нақшаи даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба ҷои 86,1 миллион сомонии нақшавӣ 67,9 миллион сомонӣ иҷро шудааст, ки 78,9 фоизро ташкил медиҳад. Нақшаи се намуди андоз, аз ҷумла андоз аз даромад 9,0 миллион сомонӣ, андоз аз арзиши иловашуда 7,1 миллион сомонӣ, андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 4,5 миллион сомонӣ, дар маҷмуъ 20,6 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нагардид. Қисми хароҷоти буҷети шаҳр 91,2 фоиз иҷро гардида, нисбат ба нақшаи пешбинишуда 2,1 миллион сомонӣ кам мебошад. Ин нуктаро раиси шаҳри Роғун Сунатулло Саидзода 15 августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти неруи барқи НБО «Роғун» ба 239,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 28,5 миллион сомонӣ фоиз кам мебошад. Шабакаҳои барқии шаҳр дар ин давра ба аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳо 29,5 миллион сомонӣ, барқ интиқол намуданд, 103 фоизи нақша баробар мебошад. Ба ташкилоту корхонаҳо 25,6 миллион сомонӣ барқ интиқол дода, ҳамагӣ 3,7 миллион сомонии он пардохт шудааст, ки 14 фоизро ташкил менамояд.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама категорияҳои хоҷагидорӣ 15,3 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз нақша 289,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзон ба ҷои дар 976 гектари нақшавӣ дар майдони 986 гектар, аз ҷумла дар 536,2 гектар ғалладонагӣ, 104 картошка, 36 зироатҳои техникӣ, 30 сабзавот ва 279 гектар алафҳои бисёрсолаи хӯроки чорво ҷамъоварӣ карданд.
Барои корҳои таъмиру барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва тармими як қатор иншоот аз ҳисоби маблағҳои нақшавии буҷети давлатӣ ва иловагӣ 3,7 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз он 750 ҳазор барои идомаи сохтмони маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ, 720,7 ҳазор барои таъмири роҳҳои ҳудуди шаҳр, 300 ҳазор барои азнавсозии боми боғчаи №1 «Парасту», 220 ҳазор барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳоти «Қади Об» ва 500 ҳазор барои таъмири ҷории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пешбинӣ шудааст, ки дар нимсолаи якуми соли равон дар ҳаҷми 855,5 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуд.
-Дар нимсолаи якуми соли 2023 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 44 ҷиноятро ба қайд гирифтанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022-юм 9 адад зиёд мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо 75 фоизро ташкил дода, бештари онҳоро ҷавонон содир намудаанд, — гуфт С. Саидзода.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»